6 апрели соли 2023 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо мудири кулли Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Шимлон ал-Баҳар сурат гирифт.
Зимни вохурӣ ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои ҳамкории Фонди кувайтӣ бо Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода, иштироки фаъоли онро дар татбиқи лоиҳаҳои муҳимми кишвар таъкид намуданд.