РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Суғд. Моҳҳои июл-август даври вилоятии озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» доир мегардад

Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар Суғд даври вилоятии ин озмун гузаронида мешавад. Дар ин бора қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расид.

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баҳри дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон, пайдо намудани асарҳои нави мусиқӣ, шеъру сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат ва рушди санъати миллӣ ташкил гардида, даври  аввали он моҳҳои май-июн дар шаҳру ноҳияҳо ва даври дуюми он моҳҳои июл — август дар маркази вилоят доир хоҳад шуд.

Дар озмуни мазкур хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаҳои таҳсилотиолии касбӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, ходимони илмӣ ва эҷодӣ (гурӯҳи ҳаваскорон), хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии мусиқии касбӣ, мактабҳои санъат ва рассомии бачагона, инчунин колеҷи санъат, колеҷи рассомӣ ва муассисаҳои олии касбӣ, гурӯҳҳои касбӣ, сарояндагону навозандагони филармонияҳои халқӣ, театрҳои халқӣ, дастаҳои ҳунарии назди раёсат, шуъбаву бахшҳои фарҳанги вилоят ва шаҳру ноҳияҳо метавонанд ширкат варзанд.

Озмун аз рӯйи 5 номинатсия — композиторӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн гузаронида шуда, ғолибони ҳар як номинатсия соҳиби мукофотҳои пулӣ дар ҳаҷми 7 000 сомонӣ (ҷойи якум), 5000 сомонӣ (ҷойи дуюм) ва 3 000 сомонӣ (ҷойи сеюм) мегарданд. 

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram