12 апрели соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи навбатии Шурои миллии таҳсилот баргузор гардид, ки дар он сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои зертобеи Вазорат, раисони гурӯҳҳои ҳамоҳангсози барномаву китобҳои дарсӣ, муаллифону мураттибони адабиёти таълимии барои баррасӣ пешниҳодшуда ширкат намуданд. Дар ин бора аз Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ хабар доданд.
Дар ҷаласаи навбатии Шурои миллии таҳсилот аз ҷониби директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Наҷмиддин Зайниддинзода дастхати 25 номгӯйи адабиёти таълимии барои муҳокима пешниҳодгардида, аз ҷумла 3 китоби дарсӣ ва 8 дастури методӣ барои зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, 12 китоби дарсӣ ва дастури таълим барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои муҳокима пешниҳод карда шуд.
Роҷеъ ба ҳар як дастур, китобҳои барои баррасӣ пешниҳодшуда ҳозирин фикру пешниҳодҳои худро ҷиҳати такмил ба муаллифон иброз намуданд.
Дар навбати худ муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода аз роҳбарони муассисаҳои зертобеи Вазорати маориф ва илм, аз ҷумла Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмолни Ҷомӣ, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ, Муассисаи нашриявии «Маориф» даъват ба амал овард, ки раванди таҳия, ташхис ва таҳрири адабиёти таълимӣ, хусусан китобҳои дарсии фанҳои ҷомеашиносиро ҷиддан назорат ва пайгирӣ намоянд.
Дар идомаи ҷаласаи Шӯрои миллии таҳсилот дастури методии «Ташхис (экспертиза) ва арзёбии китобҳои дарсӣ» аз ҷониби мутахассиси Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Азим Байзоев муаррифӣ гардид.
Номбурда иброз дошт, ки бо дарназардошти ҳалталаб будани масъалаҳои методологӣ ва амалии таълифи китобҳои дарсӣ, талаботи қонунгузории ҷорӣ оид ба таълиф ва арзёбии китобҳои дарсӣ, роҳҳои муассири таҳрир, такмил, ташхис ва арзёбии онҳо аз ҷониби масъулони соҳа зарурат таҳияи дастури мазкур ба миён омад.
Бояд гуфт, ки дастури методии «Ташхис (экспертиза) ва арзёбии китобҳои дарсӣ» ҳамчун дастури роҳнамо барои муаллифон, муҳаррирон, муқарризон ва гурӯҳҳои корӣ оид ба арзёбии адабиёти таълимӣ бори нахуст таҳия гардида, дар он ба масъалаҳои омилҳои муҳимтарини таъсиррасон ба арзёбии сифати китобҳои дарсӣ, талаботи меъёрӣ ба таълифи китобҳои дарсӣ, принсипҳои асосии методологияи таҳияи китобҳои дарсӣ, принсипҳои миллии таҳияи китобҳои дарсӣ, ташхис (экспертиза) ва арзёбии китобҳои дарсӣ, таҳлили муқоисавии баъзе тақризҳо (интихобан), тавсияҳои методӣ барои муқарризон, роҳҳои арзёбии китобҳои дарсӣ ишора шудааст.
Барои мукаммал гардидани дастури номбурда аъзои Шурои миллии таҳсилот фикру пешниҳодҳои худро манзур доштанд.
Аз ҷумла таъкид гардид, ки таҳрир, ташхис, тақриз ва арзёбии китоби дарсӣ аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳа дар баланд бардоштани сифати китоби дарсӣ ва мутобиқ сохтани он ба стандарту барномаҳои таълим ва талаботи қонунгузории ҷорӣ нақши муҳим мебозад.
Дар охир муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода бори дигар аз таъкиду роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рољеъ ба бознигарии муҳтавои барномаҳои таълим ва китобҳои дарсӣ ёдовар шуда, ҷиҳати бо дарназардошти талаботи замон ва ислоҳоти соҳаҳои маориф ва илм таҷдиди назар шудани китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз мураттибону муаллифон ва роҳбарони муассисаҳои зерсохтори Вазорати маориф ва илм даъват ба амал овард.