РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рӯзи пайтахт. Дар мавзуи “Душанбе — шаҳри дилҳо” мизи мудаввар доир гардид

Имрӯз бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани “Рӯзи Пойтахт” аз ҷониби Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзуи “Душанбе — шаҳри дилҳо” дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино баргузор гардид.

Дар кори мизи мудаввар Муродов Ҷ.Қ. – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Файзуллозода З.Ф. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Мирзоева Ҳусноро – собиқадори меҳнат, собиқ муовини Раиси шаҳри Душанбе, Калонова Майсара – собиқадори меҳнат, собиқ котиби якуми Камитети комсомоли шаҳри Душанбе, раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилони маҷлиси ваклони халқии ноҳияи Сино, аъзои ҳизб ва намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Сино иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар рафти мизи мудаввар қайд гардид, ки маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сулҳу субот дар мамлакат дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳати миллӣ -Пешвои миллат, ҳамчун рамзи саодату осудагӣ ва сипари боэтимоди Ватан ба фардои дурахшону пешрафтаи Тоҷикистони биҳиштосо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шаҳри Душанбе нафақат пойтахти Тоҷикистон балки маркази асосии илмиву фарҳангӣ, эъҷодиву иттилоотӣ ва нерӯи зеҳнӣ ба ҳисоб рафтааст.

Дар баробари ин ёдовар шуданд, ки бо сиёсати бомароми бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи самарабахши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти Ватани азизи мо — шаҳри Душанбе рӯз аз рӯз ободу зебо гардида, ба яке аз пойтахтҳои зебои ҷаҳон табдил ёфтааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram