14 апрели соли 2023 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Муовини вазири фарҳанг Сафарзода Давлат Шариф бо гузоришгари вежаи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба озодии дин ва эътиқод хонум Назила Ғанӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.
Нахуст Муовини вазири фарҳанг меҳмононро хайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки маҳз бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати ягонаи ҳуқуқбунёду дунявӣ таъсис дода шуд, ки тавонист аз ҳуқуқи аҳолӣ ба озодии афкор, виҷдон, дин ва эътиқод то ба имрӯз ҳимоя кунад.
Ҳифзи расму русум, фарҳангу маданияти қадими миллӣ маънои маҳдуд сохтани озодии динро надорад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои озодии дин ва эътиқод ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои минбаъда дар самти фарҳанг табодули андеша намуданд.