Дар Боғи фарҳангию фароғатии Абумаҳмуди Хуҷандии маркази вилоят озмуни вилоятии «Кайҳон аз нигоҳи ман» ташкил ва баргузор гардид. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Озмуни мазкур дар доираи иҷроиши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» роҳандозӣ карда шуда, бахшида ба «Рӯзи кайҳоннавардӣ» ва «100 — солагии таъсиси нахустин Планетарий дар олам» гузаронида шуд.
Дар даври вилоятии озмун беш аз 300 нафар тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз 16 шаҳру ноҳияи вилоят ширкат намуданд.
Озмун тибқи низомнома аз руи 4 шарт — тасвирофарӣ дар рӯи мумфарш, расмкашӣ ва тасвирофарӣ, таҳияи газетаи девории беҳтарин ва ихтироъкориву навоварӣ гузаронида шуда, дар доираи озмун беш аз 500 расми гуногун аз ҷумла тасвири кайҳон, сайёраҳо, илми афлок, наздики 50 газетаи деворӣ, 70 лоиҳаи ихтироъкориву навоварӣ, 25 расми рӯи мумфарш ва 30 адад кори дастӣ аз ҳунарҳои мардумӣ бо нигориши мавзуи чорабинӣ омода шуда, ба ҳайяти ҳакамон муаррифӣ карда шуд.
Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун беш аз 100 нафар ғолибон ва фаъолони озмун муайян карда шуда, бо Диплому Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.
Аз рӯи натиҷаи ҷамбасти даставии озмун бо ба даст овардани бештарин ҷойҳои ифтихорӣ ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд мақоми аввал, шаҳрҳои Бӯстон ва Гулистон мақоми дуввум ва ноҳияҳои Ашт ва Ҷаббор Расулов мақоми севумро ишғол намуданд. Ҳамчунин хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Панҷакент, Истаравшан, Конибодом ва ноҳияҳои Шаҳристон, Спитамен ва Мастчоҳ дар бахшҳо ғолибиятро ба даст оварданд.