Бахшида ба Рӯзи илми тоҷик 17-уми апрели соли 2023 конференсияи илмӣ — амалии ҳайати профессорону омӯзгорон, докторантону магистрантон ва донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳти унвони «Нақши фанҳои гумнитарӣ, ҷомеашиносӣ ва дақиқ дар рушди босуботи ҷомеа» бо cе забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур хабар доданд.
Ректор, доктори илмҳои филологӣ, професор Жило Гулназарзода конфренсияро ифтитоҳ намуда, аз дастгириву ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди илми тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ сухан гуфт.
- Зикр шуд, ки дар Донишгоҳ ҳамасола ҳафтаи илм бо баргузории конференсияву семинарҳои илмию амалӣ, ки натиҷаҳои корҳои илмию таҳқиқотии омӯзгорону муҳаққиқонро бозгӯ менамояд, бо ширкати доираи васеъи олимону муҳассилини таълимгоҳ гузаронида мешавад.
- Дар идома Салими Хатлонӣ, профессори кафедраи назария ва таърихи адабиёт дар мавзуи «Шарҳи рамзи “Оина” бо таваҷҷуҳ бар осори Ҳофиз», мудири кафедраи методикаи таълим, профессор Олимҷон Қосимов дар мавзуи «Мавқеи номвожаҳо дар таълими ҷанбаи фарҳангии забон» ва муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, дотсент Амонулло Каримов дар мавзуи “Прагматический аспект текста и его коммуникативный эффект на рецептора” баромад карданд.
Ҳамчунин, Муҳаббатшо Қобилов, дотсент, мудири кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангӣ дар мавзуи «Международные геоэкологические инициативы Президента Республики Таджикистан и их стратегическое значение» ва омӯзгори кафедраи филологияи англис Таҳмина Тағоева дар мавзуи “Symbolic expressions of zoomorphism in the phraseological units of the English and Tajik languages” бо забонҳои русӣ ва англисӣ маъруза намуданд.