РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030 дар Тоҷикистон муаррифӣ шуд

20 апрели соли равон дар меҳмонхонаи Ҳайат Реҷенсӣ бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муколама бахшида ба муаррифии расмии Барномаи Рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030 ва баррасии масъалаҳои ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкорӣ дар татбиқи он баргузор гардид. Дар ин бора аз Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Муколама таҳти роҳбарии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон, бо иштироки Раиси Кумитаи Маҷлиси Намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин муҳтарам Рустам Латифзода, инчунин намояндагони корпуси дипломатӣ ва шарикони рушд доир шуд.

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон оғоз намуда, қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва ташкили низоми кишоварзӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Тағйироти сохторӣ дар низоми кишоварзии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи барномаҳои ислоҳоти қаблан амалишуда самараи худро ба бор овард. Дар истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин пешбурди навовариҳои технологӣ дар истеҳсолот ва коркарди аввалия тамоюлҳои мусбат мушоҳида мешавад. Инчунин Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2023, №54 қабул гардидааст, маълумоти муфассал барои иштирокдорон пешниҳод карда шуд.

Рустам Латифзода — Раиси Кумитаи Маҷлиси Намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин оиди ба роҳ мондани фаъолияти самаранок дар таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ки аз Барнома бар меоянд ва таҳкими механизмҳои мавҷудаи ҳамкорӣ бо парлумони кишвар ва дигар масъалаҳои вобаста ба самти ҳуқуқ баромад намуд.

Дар муколама Цзи Шуминь – Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раймундас Кароблис — Сафири Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Ташихиро Аики — Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Озан Севимли – Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркменистон, Джеймс Пэрис — муовини директори ЮСАИД дар Тоҷикистон, Олег Гучгельдыев – Намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон, Роберто Лонго – Директори кишварии Хпзинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ барои Тоҷикистон (маҷозӣ), Адхам Мусаллам – Намоянда ва директори кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ, Имай Сейджу – роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон, Козидавлат Коимдодов, Намояндаи доимии шабакаҳои Оѓохон оид ба рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иброхим Эрбир – Ҳамоҳангсози Барномаҳои ТИКА дар Тоҷикистон, Вульф Хендрик Горецкий — Директори Барномаҳои Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон, Пак Кёнгвон – ноиби директори Дафтари КОИКА дар Тоҷикистон доир ба қабули Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030 ва ҳамкориҳои минбаъда ибрози назар намуданд.

Дар хотима, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ба сухан баромада, барои иштироки фаъолонаи Шарикони рушд изҳори миннатдорӣ намуда, қайд карда шуд, ки ҳолати кунунии ҳамкориҳоро бо Шарикони рушд ва фаъолияти муштарак дар бахши ислоҳоти муҳими аграрӣ амалӣ гардида истоаанд. Ва мо дар якҷоягӣ бояд ислоҳоти ояндаро дар доираи Барномаи қабулгардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дода, ҳамқадам бошем.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram