25-27 апрели соли 2023 дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини раиси Ҳукумат, вазири саноат ва савдои Федератсияи Русия Д.В.Мантуров ҷаласаи 21-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамкории ҳарбӣ-иқтисодии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.
Иштирокдорони ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти комиссияро оид ба иҷрои қарорҳои ҷаласаи 20-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамкории ҳарбӣ-иқтисодии СААД, ки моҳи октябри соли гузашта дар Москва доир шуда буд, инчунин қарорҳои амалкунандаи мақомоти созмон, аз ҷумла Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД-ро баррасӣ намуданд. Инчунин лоиҳаи як қатор санадҳо барои пешниҳод ва баррасии минбаъда ба мақомоти олии СААД омода карда шуд.
Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои марбут ба баргузории Форуми байналмилалии «Интерполитех» ва ворид намудани тағйирот ба Номгӯи намоишгоҳҳои байналмилалӣ, ки давоми солҳои 2023-2024 доир мегарданд, баррасӣ гардида, маълумот доир ба ҷараёни корҳо дар самти омодасозӣ ва нашри силсилаи феҳристҳои тахассусӣ ва маълумот дар бораи дигар масъалаҳои сохтории Комиссияи байнидавлатии ҳамкории ҳарбӣ — иқтисодии СААД шунида шуд.