РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

АХТАРИ ТОБОНИ СУЛҲ

«Дар асри бист саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик бо номи абармардони бузург Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода робитаи ногусастанӣ дорад ва ин фарзандони наҷиб қисмати халқи хешро дар марҳилаҳои ҳассоси таърихӣ ба маҷрои худшиносии миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории тоҷикон равона сохтаанд». — Президенти  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеъбинона зикр кардаанд.

Хуршеди истиқлолият бар сари ин бузургон дурахшид ва дар партави он номашон, осори бегазандашон ва кору пайкори беназирашон, ҷилои тоза пайдо кард. Бо назардошти хидматҳои бузург ва фидокорияшон дар поягузории Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, инкишофи тамаддун, худшиносии миллӣ, тарғиби ғояҳои сулҳ, дӯстии халқҳо ва густариши нуфузи байналмилалии Тоҷикистон, бо Фармони Президенти кишвар бо унвони Олии мамлакат — Қаҳрамони Тоҷикистон сазовор гардиданд.

Яке аз ин нобиғаҳо устоди каломи бадеъ, ҳомии сулҳу амонӣ, ватандӯсти  матин, шоири шодравон устод Мирзо Турсунзода  мебошад. Дар асри XX миёни аҳли башар ному насаби шоири шаҳир ҳамчун сипаҳсолори назм, мунодии сулҳу дӯстӣ, арбоби барҷастаи давлатӣ, ходими намоёни ҷамъиятӣ вирди забонҳо гардид, ки имрӯз мо аз мероси пурғановати ӯ лаззати маънавӣ мебарем. Ба қавли  адиби машҳури доғистонӣ Расул Ҳамзатов, “Мирзо идомадиҳандаи назми бисёрасраи халқи худ дар замону шароити дигар аст. Ӯ ин корро бо шоистагии шоиронаву ватандорона ба ҷо овард”.

Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ ба ифтихори бузургдошти устод Мирзо Турсунзода ду маротиба ҷашни бошукӯҳ доир гардид. Бар асоси Қарори Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии Юнеско 27-уми октябри соли 2001 дар Кохи Ваҳдати пойтахт ва 14-уми октябри соли 2011 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ 90 ва 100-солагии шоири бузург таҷлил шуданд, ки дар онҳо Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат ва суханронӣ намуда, аз ҷумла, гуфтанд: «Барои ман боиси ифтихор аст, ки дар ду ҷашни бошукӯҳи шоири шаҳир ва қаҳрамон иштирок намоям ва аз сари минбар сухан гӯям».

 Асарҳои ӯ табиӣ ва монанди шабнами сапедадам тару тозаанд. Як  хусусияти хоси ашъори Мирзо Турсунзода содабаёнӣ, равонӣ ва оҳангнокии баланди он мебошад, ки дилҳоро ба ҷӯш оварда, ба шунаванда ва хонанда лаззати бадеӣ мебахшад. Аз ин  ҷост, ки дилхоҳ  хонанда  аз мутолиаи ашъори ӯ барои  худ баҳрае  мебардорад. Ва, нест касе, ки аз эҷодиёти ӯ мисрае аз бар накарда бошад. Доираи биниши шоиронаи устоди калом хеле васеъ буда, аз достони тарҷимаҳолии «Водии Ҳисор» то ба «Қиссаи Ҳиндустон» шурӯъ шудааст. М. Турсунзода шоирест, ки ашъори баландпарвозаш ба қалби миллионҳо одамони поктинати кураи Замин амиқ реша давондааст, зеро шоир дар асарҳои худ нурро бар зидди зулмот гузошта, бахти халқро тараннум кардааст, ба мардуми дар асорати ғуломимондаи дунё роҳи озодиро нишон додааст. Шеърҳои ба сулҳу дӯстӣ, ватанхоҳӣ ва озодии мардуми ҷаҳон бахшидаи устод  кабӯтари тезпарвозеро мемонанд, ки аз ҳудуди Тоҷикистону Иттиҳоди Шӯравӣ берун рафта, тамоми қитъаҳои олам, хусусан кишварҳои Осиёву Африқоро, фаро гирифтанд. Ӯ яке аз меъморони бузурги кохи назми Ватани азизи мост. Ва тавре  ки худи шоир  мефармояд:

Мо сафар дорем бо амри  Ватан,

Бо  супоришҳои халқи хештан.

Дар ин иртибот шоиста аст, ки суханони муборизи роҳи сулҳ ва ҳамсафу ҳамсафари Мирзо Турсунзода, шоири маъруф Николай Тихоновро ба ёд оварем, ки нисбат ба шуҳрати дӯсти худ ва ашъори ӯ баён доштааст:

«Шеърҳои Мирзо Турсунзода амсоли чашмаҳои хурӯшону мусаффои кӯҳистони тоҷик ҷорӣ гардида ва ба ҳам омада, ба дарёи пуртуғёне табдил ёфтаанд ва ҳар як дӯстдори назми  нобро шод кардаанд. Ман борҳо шоҳиди он будам, ки мардуми Шарқи хориҷа ашъори шоирро бо шӯру шавқи зиёд мешуниданд, ба ваҷд меомаданд ва ба шоир аҳсант мегуфтанд. Мирзо Турсунзода нотиқи шуълаваре буд. Садои пурэҳтироси ӯ дар бисёр шаҳрҳои Осиё, Аврупо ва Африқо баланд гардидааст.

Ӯро дар минбари конгрессу анҷуманҳои байналхалқӣ, дар хаймаи бодиянишинон ва қасри роҷаҳо, дар кулбаи бамбукӣ ва хонаи гилин, дар суҳбати деҳқонони хориҷӣ ва дар саҳроҳои зарнисори ватанаш дидаанд. Дар ҳама ҷо шеъри ӯ баланд садо медод».

Воқеан, устод Турсунзода бо такя ба неруи фикрӣ, тавони сиёсӣ ва ҳунари адабӣ тавонист адабиёт ва фарҳанги тоҷикро дар сатҳи байналмилалӣ шоиста муаррифӣ созад. Ӯ замони Иттиҳоди Шӯравӣ аз арбобони ангуштшумори сиёсию давлатие буд, ки дар ИҶШС ва берун аз он нуфузу эътибори баланди сиёсию иҷтимоӣ ва адабию фарҳангӣ дошт. Устод ба сифати сафири сулҳи  Иттиҳоди Шӯравӣ на танҳо сиёсат ва мафкураи шӯравиро таблиғ кард, балки фарҳанги мардуми тоҷикро  ба дуриҳо бурд ва миёни мардуми ҷаҳон тухми сулҳу дӯстӣ ва ҳамдилию ҳамбастагӣ кишт. Тоҷикон  бо номи ӯ ҳамеша ифтихор мекарданд. Зимнан, ҳар чорабиние, ки бо ҳузури устодон Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода баргузор мешуд, яқин бо меҳру отифат, шеъру балоғат, назокату нафосат, ҳазлу зарофат ва ҷуръату ҷасорат тавъам буд. Илтифоту самимияти устод Турсунзода ҳар дидору мулоқотро рангину хотирмон менамуд.

Мирзо Турсунзода бо он, ки масруфиятҳои зиёди расмию идорӣ, сиёсию давлатӣ ва иҷтимоию маданӣ дошт, ҳеҷ гоҳ аз шеъру сухан дурӣ наҷуст. Баръакс, шеърро бо шиор даромехт ва барои раҳоии башар аз истибдоду истисмор корбаст кард. Сӯхтан ва сохтанро дар шеър омӯхта буд ва аз ин зовия ба зиндагии иҷтимоӣ наздик мешуд. Ин аст, ки хешро ба сифати шоир мухотаб қарор дода, гуфтааст:

Шоиро, аз сӯхтан дорӣ хабар?

Пас, макун аз оташи сӯзон ҳазар…

Шоиро, аз сӯхтан ҳаргиз манол,

Сӯхтанро дӯст медорад висол.

Сӯхтану сохтанҳо, чи дар сиёсату мафкурасозӣ ва чи дар фарҳангу нуктапардозӣ ҷараёни омӯзиш, биниш, дониш ва таҷрибаи ӯро тавсеа бахшидаанд. Устод тавассути офаридани шеъри баланди иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба зиндагии мардум қарин шуд ва рози дили халқро бо  сабки нав манзур намуд. Қадру манзалати инсон  меҳвари эҷодиёти Мирзо Турсунзодаро ташкил медиҳанд. Ба ин тартиб, устод дар эҷодиёташ таваҷҷуҳи асосӣ ба инсони заминӣ ва вораста аз банди хурофот  намуда, шеърро бо эҳсос ва дарду мушкилоти рӯзафзуни ҷомеа пайванд дод. Озодии инсон, пирӯзии ӯ бар ҷаҳлу нодонӣ ва заволи истисмору истибдоди дохилию берунӣ ҳадафи фаъолияти фикрӣ, сиёсӣ, идеологӣ, адабӣ, маданӣ ва иҷтимоии устод Турсунзода буда, дар ин масир то вопасин нафас гом бардоштааст. 

Ӯ таҷрибаи устодон С. Айнӣ ва А. Лоҳутиро идома ва таҳкиму тавсеа бахшид. Шеъри инқилобии устод Лоҳутӣ дар марҳилаи аввали таърихӣ, назми шӯрангези иҷтимоии устод Мирзо Турсунзода бошад, дар марҳилаи баъдӣ раванди бедории иҷтимоиро на танҳо дар ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ, балки фаротар аз он тақвият дод. Шеър дар қаламрави адабиёту фарҳанги тоҷикӣ ба ҳунари вижа ва муҳаррики зиндагии инсонӣ табдил ёфт. 

Устод Мирзо Турсунзода, ба бахти миллати мо ҳамин гуна шоир буд, яъне шоири маҳбуб. Албатта, дар айни замон шоири маъруфу шаҳир низ. Дар оғоз ба ранҷу заҳматҳои рӯзгор рӯ ба рӯ шуд. Рӯзу шабҳояш бе қалам, бе китоб, бе мактаб мегузашт, аммо баъдҳо ҷаҳонеро барои озодихоҳӣ, раҳоӣ аз зулму истибдод раҳнамунӣ кард. Суханаш бо дониши васеи сиёсияш таъсир дошт ва дуруст ҳидоят карда метавонист. Дар натиҷа:

Осиё бедор шуд, бедор тарки хоб кард,

Ростиву дӯстиро оқибат дарёб кард.

Бе ҳеҷ шак, дар расидану шинохтани ростӣ, яъне дарёфти ҳақиқат, саҳми ин шоири миллати мо на танҳо чашмрас, балки бузург мебошад. Огоҳ будан, огоҳ шудан аз ғами мазлумҳо на кори ҳар кас, ҳар шоир мебошад, агар ҳам истеъдоди баланд дораду худшинос аст.

Дарку эҳсоси ғами рӯзгор ва давр агарчи баъзеҳоро даст медиҳад, аммо дарку эҳсоси ғами чандинсола на ҳар киро насиб мегардад. Барои ин, ба маънии тому асилаш дили огоҳ бояд дошт.

Ин писар аз кишвари Ангола буд,

Дар дилаш ғамҳои чандинсола буд.

Устоди равоншод, на танҳо барои мазлумони Ҳиндустон, балки барои тамоми мазлумони ҷаҳон месӯхт ва саъй ба харҷ медод, то аз зери ин бори зулму истибдод  сари вақт раҳоӣ биёбанд. Садои ӯ дар ин ҳол баландтар ба гуши тамоми ҷаҳониён мерасад ва ба ин васила бо ҷасорати том таъкид менамояд, ки даст аз зулму истибдод бидоранд ва пойи худро аз мамолики ба ҷабру ситаму зӯрӣ ишғолнамуда бикашанд. Ва ҳам мегӯяд, ки вақти он аст, то ин «меҳмони мағрибӣ», яъне инглис «тарк кунад кишвари Ҳиндустон». Ҳолиё, ки аз он даврон наздики сад сол мегузарад, ҳеҷ кас, ҳеҷ шоир мисли ӯ дар ин муддат бо ин матонат овоз баланд накардааст, ҳақиқатро бепарда, яъне ошкоро, нагуфтааст. Имрӯз ҷаҳони пур аз ҷӯшу хурӯш бо зулму истибдод, зӯроварӣ ниёз ба чунин мардони шуҷоъву ҳақиқатгӯ дорад. Имрӯз бештар эҳсос мешавад, ки ҷойи устод Мирзо Турсунзода дар ин маврид холии холист.

Даъвати Пешвои миллат дар бузургдошти 100-солагии устод Мирзо Турсунзода чун як суруди шево ба гӯш мерасад:

«Бигзор, каломи оташин, мавзун ва нобу шевои Мирзо Турсунзода қалби мову шумо, тамоми халқи тоҷик ва ҷаҳонро софу мунаввар ва чун оина пурҷило гардонад!»

Абдурозиқ МАРДОНӢ,

рӯзноманигор

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram