Имрӯз соати 14:00 намоишномаи «Катан»-и Файзи Ашӯр бо коргардонии Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Мирзоватан Миров, ки дар асоси романи таърихии журналист Аҳмад Иброҳим таҳия шудааст, дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар шаҳри Душанбе пешниҳоди тамошобинон мегардад. Дар ин бора аз МИҲД-и шаҳри Кӯлоб хабар доданд.
Намоиш ҷавобгӯ ба сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ба 115-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров бахшида шудааст.
Катан қаҳрамони Бобакон аст, ки якҷо бо сипоҳаш баҳри ҳифзи ватан дар задухӯрд бо урдӯи ғосиби юнонӣ таҳти фармондеҳии сарлашкар Александри Македонӣ –Кратер ҷонбозиҳо карда, фидокорӣ нишон додааст. Намоиш пур аз саҳнаҳои задухӯрд ва лаҳзаҳои ҳаяҷонбахши ишқу муҳаббат аст.