Нашриёти «Адиб» китоби «Дунёи Марям»-ро аз чоп баровард. Дар ин бора Раҳмоналӣ Шералиев сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Дар ин китоб, ки дар таҳияи Одил Нозир ва таҳрири Муҳаммадуллоҳи Табарӣ нашр шудааст, маҷмӯи мақола, меҳрнома, тақриз ва суҳбатҳое гирдоварӣ гардидааст, ки ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева бахшида шудаанд.