РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Ховалинг дар ёдгориҳои асри санг кори экспедитсияи байналмилалӣ оғоз шуд

Шуруъ аз 3 май экспедитсияи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо олимони Институти ҷуғрофияи Академияи илмҳои Русия, Донишгоҳи техникии  Дания, Институти бостоншиносӣ ва мардумшиносии шаҳри Новосибирски Русия ва Донишгоҳи шаҳри Нанкини Ҷумҳурии мардумии Чин ба омӯзиши давраи асри санги Тоҷикистон, ки якчанд бошишгоҳи ин давра дар ноҳияи Ховалинг мавҷуд аст, оғоз карда шуд. Дар ин бора аз шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Тура Хуҷагелдиев иброз намуд, ки «дар рафти кори экспедитсия таҳқиқоти маҷмуии бошишгоҳҳои асри санг дар ноҳияи Ховалинг: Кӯлдара, Лоҳутӣ, Обимазор, Хонақоҳ, Чашманигор ва ғайра ба нақша гирифта шудааст. Дар эскспедитсия ба ғайр аз бостоншиносон геологҳо, хокшиносон, ҷуғрофидонҳо, ботаникҳо, геофизикҳо ва мутахассисони дигар самтҳои илм иштирок мекунанд. Ин имконият медиҳад, ки макони зисти одамони қадим васеътар омӯхта шавад».

Ин экспедитсияи муштарак соли чорум аст, ки идома дорад. Ҳадафи ҳафриёт омӯзиши таърихи аҳди қадим мебошад. Аз соли 1975 то соли 2005 дар ёдгориҳои асри санги ноҳияи Ховалинг бостоншиноси маъруф Вадим Ранов таҳқиқот анҷом додааст.


Ба гуфти Тура Хуҷагелдиев, минтақаи Ховалинг барои омӯзиши давраи асри санг аз он ҷиҳат муфид аст, ки дар он ҷо ҷариҳои зардхок мавҷуд аст ва баландии онҳо то 200 м расида, дорои якчанд қабати қаҳваранг бо ғавсии 3-8 м мебошанд. Ин қабатҳои қаҳваранг дар иқлими гарму намнок ҷамъ шудаанд, ки ин давра барои зиндагии одамони ибтидоӣ шароити муносиб буд. Аз ин рӯ, бостоншиносон дар ин қабатҳо корҳои ҳафриётӣ гузаронида, қабати мадании давраи палеолитро меомӯзанд. Қабатҳои зардхоке, ки дар фарози қабатҳои қаҳваранг ҷойгир мебошанд, дар давраи яхбандӣ дар иқлими хунук ва хушк пайдо шудаанд. Дар ин давра одамони ибтидоӣ ин мавзеъро тарк карда, ба минтақаҳои ҷанубтар ва гармтар рафтаанд. Асосан дар қабатҳои зардхок осоре аз зисти одамони ибтидоиро ёфтан хеле мушкил аст.

Мавриди тазаккур аст, ки солҳои 2021-2022 ҳангоми ковишҳо дар қабатҳои гуногуни қаҳваранги ёдгориҳои зикршуда артефакатҳои сангӣ ёфт шуданд. Масалан, маснуоти сангии аз Кӯлдара ёфтшуда таърихи тақрибан 400, 500 ва 800 ҳазор сол, маснуоти сангии аз Лоҳутӣ ба даст омада таърихи тақрибан 500 ва 600 ҳазор сол ва аз Обимазор пайдогардида таърихи тақрибан 300 ҳазорсола доранд»,-афзуд Тура Хуҷагелдиев.

«Натиҷаҳои таҳқиқоти дарпешистода вазъияти экологиро дар давраи истиқомати одамони қадим дар марҳилаҳои гуногуни палеолит ошкор ва синну соли бошишгоҳҳои асри сангро аниқ менамояд. Динамикаи инкишофи техника ва технологияи ҷудо кардани санг ва сохтани олоти сангӣ дар давраи 0,1-1,0 млн сол пеш ва таҳлили он дар муқоиса бо маҷмуи осори ҳудуди Тоҷикистон имкон медиҳад, ки самтҳои имконпазири муҳоҷирати сершумори инсони ибтидоиро муайян намоем»,-афзуд Тура Хуҷагелдиев.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram