РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ доир мешавад

Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 18 май дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барномаи идонаи фарҳангии «Як рӯзи ҷавонӣ» доир карда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар ҳамоиш ғолибони озмунҳои донишгоҳӣ ва ҷавонони фаъол дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ карда шуда, ҳамзамон аз ҷониби дастаи ҳунарии донишгоҳ ва ҷавонони боистеъдоди он барномаи рангини иборат аз рақсу суруд ва қироати шеъру дубайтӣ дар васфи ҷавонӣ пешкаш карда мешавад.

Бояд гуфт, ки имрӯз нақш ва иштироки ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ  баръало эҳсос гардида, дар баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти Ҳукумат муқаррар гардидааст.

Аз оғози ба даст овардани соҳибистиқлолӣ масъалаи ҷавонон дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қарор гирифта, соли 1992 Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ба тасвиб расид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram