РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Хуҷанд. Дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» Иштироки 391 нафар иштирок кард

Дар гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид. Дар ин бора аз Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд хабар доданд.

Таъкид шуд, ки соли 2023 бори аввал Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар байни хонандагони муассисаҳои типи нав (литсейҳо ва гимназияҳо) ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар алоҳидагӣ баргузор мегардад. Вобаста ба ин, шумораи ҷойҳои ифтихорӣ 42 ҷой зиёд гардида, миқдори умумии онҳо ба 132 ҷойи ифтихорӣ расид.

Ҳамчунин ҷиҳати ҷалби васеи иштирокчиён ба озмун соли 2023 дар ҳамаи номинатсияҳо ғолибони ҷойи 3-юм аз ду нафар ба се нафар расонида шуда, шумораи ҷойҳои ифтихорӣ аз рӯйи ҳар номинатсия ба 6 адад расид.

Дар ин замина, шумораи мукофоти пулӣ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври чоруми озмун ҷойҳои 1, 2, 3 ва Шоҳҷоизаро соҳиб мешаванд, 49 адад зиёд карда шуда, дар маҷмӯъ ба 84 адад расид.

Ёдовар мешавем, ки соли 2022 дар даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» беш аз 200 ҳазор нафар аз ҷумлаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна, литсей ва гимназияҳо, донишҷӯёну магистрантон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуданд. Интизор меравад, ки соли равон шумораи иштирокчиёни озмун боз ҳам зиёд гардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram