РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш бозёфтҳои асри санг намоиш дода шуд

23 май дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон намоиши бозёфтҳои сангии асри санг, ки аз бошишгоҳҳои Кӯлдара, Лоҳутӣ, Хонақо, Оби Мазори ноҳияи Ховалинг ва Қаратоғи ноҳияи Ёвон ёфт шудаанд,   баргузор гардид. Дар ин бора аз Академияи миллии илмҳои мамлакат хабар доданд.

Дар намоиш олимони Институти ҷуғрофияи Академияи илмҳои Русия, Институти бостоншиносӣ ва мардумшиносии шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия, Донишгоҳи техникии Дания, Донишгоҳи давлатии Гургени Ҷумҳурии Исломии Эрон ва  Донишгоҳи Нанкини Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуданд.

Зимни намоиш бори дигар таъкид гардид, ки бошишгоҳҳои палеолити зардхоки Кӯлдара, Лоҳутӣ, Оби Мазор ва Хонақоҳи ноҳияи Ховалинг қадимтарин масканҳои одамони ибтидоӣ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мераванд.

Ба андешаи мутахассисон,  натиҷаи корҳои ҳафриётӣ фарзияро дар бораи  дар яке аз роҳҳои қадимтарини паҳншавии одамони ибтидоӣ ҷой доштани бошишгоҳҳои мазкур тақвият мебахшад.

Мақсадии асосии намоиш муаррифии бозёфтҳои асри санг, махсусан давраи палеолит, ҷалби олимони хориҷӣ дар омӯзиши ёдгориҳои зикршуда ва тақвият бахшидан ба ҳамкорӣ  ҷиҳати омӯзиши бошишгоҳҳои асри санги ҷумҳурӣ мебошад.

Ёдовар мешаваем, ки аз 1 то 30 май мутахассисони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш дар якҷоягӣ бо олимони Институти ҷуғрофияи Академияи илмҳои Русия, Донишгоҳи техникии  Дания, Институти бостоншиносӣ ва мардумшиносии шаҳри Новосибирски Русия ва Донишгоҳи шаҳри Нанкини Ҷумҳурии Мардумии Чин ба омӯзиши давраи асри санги Тоҷикистон, ки якчанд бошишгоҳи ин давра дар ноҳияи Ховалинг мавҷуд аст, корҳои бостоншиносӣ мегузаронанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram