Субҳи имрӯз дар майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ, аз ҷумла Сарраёсати маориф ва кӯдакону наврасон – аъзои фаъоли Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ба номи Исмоили Сомонӣ, маросими гулгузорӣ дар пояи Муҷассамаи Асосгузори аввалин давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ сурат гирифт. Маросими мазкур, ки дар доираи чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон доир гардид, ба “Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” ифтитоҳи расмӣ бахшид.
Зимни суҳбат бо иширокчиёни маросим аз ҷумла қайд карда шуд, ки “Соли ҷорӣ бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявию бадеӣ ва фарҳангиву маърифатӣ таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ба хусус Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ чорабиниҳои гуногун доир карда шуда, аз ҷумла аз 26 май то 1 июни соли 2023 “Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” эълон карда шудааст. Дар доираи ҳафтаи эълонгардида ташкилу баргузории барномаи фарҳангӣ ва маросими ҳавасмандгардонии ғолибони Фестивал – озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе “Шукуфаҳои пойтахт”, рӯйнамоии маҷмуаи шеъру ҳикояҳои иширокчиёни Форуми дуюми навқаламон ва эҷодкорони навраси шаҳри Душанбе “Килки сабз”, мизи мудаввар дар мавзӯи “Душанбе – шаҳри имконоти рушди кӯдакон”, мусобиқаҳои варзишӣ аз қабили волейбол, футболи хурд, шоҳмоту шашка, озмунҳои мусаввири беҳтарин, аксияҳои таблиғотии дастаҳои ихтиёрии “Патрулони сабз” ва “Нозирони навраси ҳаракати роҳ”, саёҳати пиёдагардӣ, барномаҳои фарҳангии сайёр барои таълимгирандагони мактаб – интернатҳои ҳудуди пойтахт ва ғайра ба нақша гирифта шудаанд.
Қайд гардид, ки “Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” 1 июни соли 2023 дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо баргузории намоишу ҳунару эҷод, бозиҳои фароғативу дилхушкунанда ва барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ дар Боғи кӯдакони пойтахт натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда мешавад.