РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Миёни Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи давлатии таърихи сиёсии Россия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Дар доираи сафари хидматии ҳайати кормандони Осорхонаи миллӣ ба шаҳри Санкт Петербурги Федератсияи Россия, миёни Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва МДФБФ “Осорхонаи давлатии таърихи сиёсии Россия” созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин бора аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Рӯзи 25 майи соли 2023 дар як нишасти тантанавӣ аз ҷониби директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо Сафо ва аз ҷониби муваққатан иҷрокунандаи вазифаи директори МДФБФ “Осорхонаи давлатии таърихи сиёсии Россия” Лисенко Елена Анатолевна созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар ин созишнома масъалаҳои таҳкими равобити фарҳангӣ, табодули таҷрибаи осорхонавӣ, тармиму таҳкими ашёи нодири осорхонавӣ, таҳия ва чоп намудани феҳристи ёдгориҳои нодири осорхона, ташкил ва баргузор намудани намоишҳои муваққатӣ, омода намудани мутахассисон дар соҳаи тармиму консерватсия ва дигар самтҳои муҳимми фаъолияти осорхонавӣ пешбинӣ гардидаанд.

Имзои созишномаи мазкур имкон медиҳад, то ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф миёни ин ду осорхона тақвият ёфта, ба воситаи ташкилу баргузор намудани намоишу чорабиниҳои гуногун шаҳрвандони Тоҷикистону Россия аз таъриху фарҳанги ҳамигар боз ҳам бештар огоҳ карда шаванд.

Маврид ба зикр мебошад, ки дар доираи ин созишнома нахустин намоиши муштарак дар аввали соли 2024 ба нақша гирифта шудааст. Бо мақсади омодагии ин намоиш, ки бахшида ба 80-солагии озодшавии шаҳри Ленинград аз фашизм ва саҳми Тоҷикистон дар он баргузор мегардад, ҳайати кормандони Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” дар шаҳри Санкт Петербурги Федератсияи Россия қарор доранд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram