РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷараёни корҳои навсозӣ дар Қалъаи Хуҷанд шинос шуд

Бо мақсади арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг, муаррифии тамаддуни миллати тоҷик ва дар асоси дастуру ҳидоятҳои​ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон​ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои азнавсозии Қалъаи Хуҷанд идома дорад.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои бунёду таъмир ва азнавсозии Қалъаи Хуҷанд шинос гардида, ба масъулин ҷиҳати анҷоми босифати корҳо супоришҳо дод. Таъкид карда шуд, ки ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ ҳатман аз​ тавсияҳои олимону бостоншиносон ва муаррихон истифода намуда, унсурҳои қадима ва миллӣ нигоҳ дошта шавад.

Бояд қайд кард, ки бунёдкориҳо дар ҳудуди​ Қалъаи Хуҷанд, ки таърихи беш аз 3 ҳазорсола дорад, чанд сол боз идома дошта,​ ​ сохтмончиёну паймонкорон, рассомону наққошон, таърихнигорону бостоншиносон, ҳунармандони касбиву халқӣ дар эҳёи дубораи ин иншооти таърихӣ саҳми арзанда доранд.

Дар корҳои навсозии иншооти қадимӣ гурӯҳи лоиҳакашон ва мутахассисони Вазорати фарҳанг, Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, олимону бостоншиносон ширкат варзида, дар асоси лоиҳа эҳёи деворҳои куҳандиз, бунёди бинои маъмурӣ, намунаҳои хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, чойхона, нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram