Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ даври сеюми озмуни қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, то 11 июн идома меёбад. Дар ин бор аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Вобаста ба баргузории озмун дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва илм ҷаласа баргузор гардид. Дар он роҳбарияти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои комиссияи ҷумҳуриявии даври сеюми озмуни қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Таъкид гардид, ки озмуни қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастури Пешвои миллат аз соли 1997 барои таҳсил дар донишгоҳҳои олии Тоҷикистон бо ҳадафи дастгирии духтарону писарони деҳот ташкил шуда, инак тӯли 26 сол амал менамояд.
Дар замони истиқлол 11 500 духтар аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакатро бо квотаи президентӣ хатм кард. Дар ин давра 222 ҳазор духтар муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намуда, ҳоло боз 100 ҳазор духтар дар ин муассисаҳо таҳсил карда истодааст.
Дар ҷаласа ҷиҳати таъмини шаффофияти раванди баргузории озмуни квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.