РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе ҷиҳати бузургдошти Маволоно Ҷалолуддини Балхӣ маҳфили илмӣ-адабӣ баргузор шуд

30 май дар Китобхонаи шаҳрии Абулқосим Лоҳутӣ, ҷиҳати бузургдошти Маволоно Ҷалолуддини Балхӣ, таҳти унвони «Мавлоно бузургтарин шоир, олим ва ва фақеҳи башарият» маҳфили илмӣ-адабӣ баргузор шуд. Дар ин бора аз китобхонаи мазкур хабар доданд.

Дар маҳфил зикр шуд, боиси хурсандӣ аст,ки 24 май бо қарори Ниҳоди иҷроияи ЮНЕСКО Куллиёти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳамчун мероси ҳуҷҷатӣ расман ба Феҳристи Хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд.

Пешбарии «Куллиёти Мавлоно» аз ҷониби Тоҷикистон, Эрон, Булғористон, Олмон, Туркия ва Узбекистон муштаракан барои баррасӣ ба ЮНЕСКО пешниҳод гардида буд.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ шоир, файласуф, олим, яке аз бузургтарин донишмандони тоҷик дар асри XIII буда, эҷодиёти ӯ имрӯз барои кулли ҷаҳон аз арзишмандтарин осор ба ҳисоб меравад. Куллиёти Мавлоно «Маснавии Маънавӣ», «Девони Шамси Табрезӣ», «Фиҳи мо фиҳи», «Маҷолиси Сабъа» ва «Мактубот»-ро дар бар гирифта, ба забони тоҷикӣ навишта ва ба забонҳои мухталифи ҷаҳон тарҷума шудаанд. «Маснавии Маънавӣ»-ро бори нахуст олими англис Р. А. Николсон тӯли солҳои 1925-1937 аз форсӣ ба англисӣ баргардонидааст, ки аз 25 ҳазору 632 байт иборат аст.

Эҷодиёти адабию фалсафии Мавлоно барои омӯзиши таъриху фарҳанги Машриқзамин аҳамияти бузурги илмӣ дошта, дар он мақолаву ҳикматҳо, маҷмӯи адабиёти ибратбахш, мисолҳо аз рӯзгори анбиёву мардумон бо таҷассуми орифонаю ошиқона гирд оварда шудаанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram