Пагоҳ дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ машғулияти таълимӣ барои хонандагони синфҳои 2-11 анҷом ёфта, аз 2 июн хонандагон ба таътил мебароянд. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бинобар анҷом ёфтани соли таҳсили 2022-2023 фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба анҷоми соли таҳсили 2022-2023, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид.
Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 4-8 ва 10-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона) аз 3 то 10 июн, инчунин аттестатсияи хатми синфҳои 9-и муассисаҳои таҳсилотӣ аз 3 то 15 июн ва аттестатсияи хатми синфҳои 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 3 то 20 июн гузаронида мешавад.