РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Моҳвораи ҷавонон. Дар Душанбе барномаи фарҳангӣ таҳти унвони «Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон!» доир гардид

Дирӯз дар толори Муассисаи давлатии амфитеатри Аҳорун дар доираи ҷамъбасти моҳвораи ҷавонон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ бо барномаи фарҳангӣ таҳти унвони «Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон!» доир гардид. Дар ин бора аз МИҲД-и шаҳри Душанбе хабар доданд.

Пеш аз оғози ҳамоиш меҳмонон аз намоишгоҳи дастовардҳои илмиву эҷодии наврасону ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва олии касбӣ дидан намуданд.

Дар маросими расмии чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло баромад намуда, дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусу иқдомҳои дурбинонаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ фаъолияти имрӯзаи насли наврасу ҷавонро дар самти созандагиву бунёдкорӣ хуб арзёбӣ намуданд.

Аз ҷумла таъкид гардид, ки тибқи маълумотҳои оморӣ аз шумораи умумии аҳолии пойтахт наздик ба 35,6 фоизи онро ҷавонони 14-30-сола ташкил медиҳанд. Дар шаҳри Душанбе айни замон 25 муассисаҳои тањсилоти олӣ , 13 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 192 муассисањои тањсилоти умумӣ фаъолият доранд, ки ниёзи ҳазорҳо нафар наврасону ҷавононро қаноатманд месозанд.

Дар идома ба як қатор сохторҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ, ки ба хотири татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ва чорабиниҳо дар доираи моҳвораи ҷавонон саҳми арзанда гузоштанд, Сипоснома ва Ифтихорномаҳо супорида шуд.

Барномаи фарҳангӣ бо иштироки аҳли фарҳанг ва санъати пойтахт анҷомбахши чорабинӣ гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram