РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар ноҳияи Айнӣ “Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон” таҷлил шуд

1-уми июни соли 2023 дар назди майдони Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Айнӣ “Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон” бо тантана таҷлил гардид. Дар ин бора аз МИҲД-и ноҳияи мазкур хабар доданд.

Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода иштирок намуда суханронӣ намуд. Зимни баромад Муқим Муродзода қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва заковати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу ҳимояи оила, кӯдак ва волидайн дар меҳвари давлатдории навини тоҷикон қарор дошта, рукни муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор меравад. Мутобиқи моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд.
Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд. Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд. Дар баробари ин, қабул ва амалисозии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон» аз ғамхории махсуси давлат нисбат ба кӯдакон ва ояндаи онҳо гувоҳӣ медиҳанд.

Боварӣ дорам, ки Шумо, дӯстрӯякон, ҳамчун насли нави фардосози тоҷикон баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азизамон садоқатмандона саъю кӯшиш намуда, бо ташаббусҳои наҷиб, талошҳои пайгирона, дастовардҳои фикриву эҷодӣ, варзишӣ ва хониши хубу аъло барои баланд бардоштани нуфуз ва эътибори Ватани маҳбубамон саҳм мегузоред.

Дар зимн, барномаи фарҳангии идона аз ҷониби таълимгирандагони муассисаҳои томактабии маркази ноҳия намоиш дода шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram