РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Кӯлоб Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро ботантана таҷлил карданд

1 июни соли равон дар Қасри фарҳанг ба номи Рустами Абдураҳими шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини раиси шаҳр Даминзода Арафамо, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Озодамо Холова, роҳбарони ташкилотҳо ва дигар фаъолони шаҳр Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ботантана таҷлил гардид. Дар ин бора аз бахши матбуоти МИҲД-и шаҳри Кӯлоб хабар доданд.

Қабл аз оғози чорабинӣ иштирокдорон аз намоиши гӯшаи саломатӣ ва аёниятҳои таблиғи тарзи ҳаёти солим, бозиҳои варзишӣ, дастовардҳои муассисаҳои томактабӣ ташкил гардида, маҳсули меҳнати дастии хонандагони макотиби шаҳр– ғолибон ва иштирокдорони озмунҳо ба намоиш гузошта шуд дидан намуданданд.

Сипас, чорабинии тантанавӣ бо сухани ифтитоҳии муовини раиси шаҳр Даминзода Арафамо оғоз гардида ҳамагонро бо фарорасии Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон самимона табрику муборакбод намуда, осмони софу беғубор, хотири ҷамъ, саломатӣ ва хушбахтӣ таманно намуд.

Дар идома ба як қатор роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Кӯлоб барои саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи насли наврас ва дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани кӯдакон Сипосномаи раиси шаҳри Кӯлоб дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуданд.

Баъдан, барои болидахотирии иштирокдорони чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ аз ҷониби тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ ва мактаби бачагонаи шаҳри Кӯлоб манзур гардид.

Дар охири чорабинии фарҳангӣ ба тарбиятгирандагони муассисаҳо туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тақдим гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram