Нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд пурра иҷро гардид. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Тавре маълум аст, ҳамасола тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида мешавад.
Тибқи муқаррароти Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи Ватан, манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд дониста шуда, ҷавонон бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар муҳлати муқарраргардида ба комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо омада, барои адои хизмати ҳарбӣ номнавис ва ба дар вазъияти тантанавӣ ба хизмат гусел карда шуданд.