РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Раиси вилояти Суғд бо ректори Донишгоҳи куҳӣ-металлургии Федератсияи Россия мулоқот кард

5 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ректори Донишгоҳи куҳӣ-металлургии Федератсияи Россия Юрий​ Пановро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Хадамоти матбюуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо вобаста ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаи илму маориф ва омодасозии мутахассисони баландихтисос мубодилаи афкор намуданд.

Раиси вилоят зимни ироаи маълумот изҳор дошт, ки дар вилояти Суғд саноати куҳӣ рушд ёфта, як қатор корхонаҳои азим фаъолият доранд. Бо ҳадафи стратегӣ эълон шудани саноатикунонии мамлакат бунёди корхонаҳои нав​ идома дошта, корҳои геологиву иктишофиро мутахассисон ба анҷом мерасонанд. Барои омодасозии мутахассисон дар вилоят Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон фаъолият дошта, заминаҳои моддиву техникӣ барои тарбияи кадрҳо фароҳам аст.

Юрий Панов аснои суҳбат қайд кард, ки тибқи созишномаҳои дуҷонибаи давлатӣ​ дар​ Донишгоҳи куҳӣ-металлургии Федератсияи Россия 200 нафар ҷавонони тоҷик таҳсил доранд ва донишгоҳ барои таҳсили ҷавонон имкониятҳоро фароҳам овардааст. Ҳадаф аз сафари меҳмонон ба Тоҷикистон тақвиятбахшии ҳамкорӣ бо Донишкадаи куҳӣ-​ металургии Тоҷикистон, мубодилаи таҷриба, ба роҳ мондани таҷрибаомӯзии дутарафа,​ ҷалби ҷавонони тоҷик ба таҳсил мебошад.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки муассисаҳои олии ду тараф дар оянда ҳамкории худро тақвият бахшида, барои омодасозии мутахассисони баландихтисос аз таҷрибаҳои якдигар истифода мебаранд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram