РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич,

Хабари сӯхторҳои калонмиқёс ва зиёни бисёр дар вилояти Абай — дар шарқи Қазоқистон, ки талафоти ҷониро ба бор оварданд, боиси андӯҳи амиқи инҷониб гардид.

Таъзияву ҳамдардии самимии худро ба тамоми мардуми бародари Қазоқистон ва пайвандону наздикони фавтидагон изҳор менамоям.

Бовар дорам, ки бо талошҳои Ҳукумат ва мардуми Қазоқистони дӯст оқибатҳои ин фалокат дар ояндаи наздиктарин рафъ хоҳанд шуд».

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram