13-уми марти соли ҷорӣ Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ доктор КНС Канг, ректори Донишгоҳи техникии Панҷоби Ҷумҳурии Ҳиндустонро дар доираи ташриф истиқбол намуда, мулоқот анҷом дод. Дар ин бора аз ДДОТ хабар доданд.
Зимни мулоқот КНС Канг, ректори Донишгоҳи техникии Панҷоби Ҷумҳурии Ҳиндустонро кормандони шуъбаи равобити ин донишгоҳ, аз ҷумла Ҳасан Хан ва Ҳувназ Хан ҳамроҳӣ менамуд.
Ректори донишгоҳ, аз ташрифовардагон изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамкорӣ дар самти корҳои илмӣ-таълимиро, ки ба рушди илми донишгоҳ мусоидат менамояд, ҳамеша ҷонибдорӣ хоҳад кард.
Маврид ба зикр аст, ки намояндагони Донишгоҳи техникии Панҷоби Ҳиндустон аз синфхонаҳои дӯзандагӣ, устохонаи коркарди чубу тахта, синфхонаи технологияи мошиншиносӣ ва дуредгариву кандакорӣ, қолинбофиву атласдӯзии факултети технология ва лабораторияҳои таҳқиқотиву осорхонаҳои биологиву зологии факултети биология дидан намуда, аз вазъияти кунунии озмоишгоҳҳо ва лабараторияҳои донишгоҳ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ҳамзамон ҷонибҳо баҳри бастани шартномаи ҳамкорӣ ба тавофуқ расида, дар бораи таҳсили донишҷӯёни ихтисосҳои технологияи информатсионӣ, саёҳат ва меҳмондорӣ, таҷрибаомӯзии омӯзгорону донишҷӯён табодули назар намуданд.