РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бадахшон. Ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ қадрдонӣ шуданд

13 июн дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маросими бошукуҳ ҷиҳати қадридонии ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз МИҲД-и ВМКБ хабар доданд.

Дар чорабини Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ иштирок дошта, ҳамаи ғолибон ва кормандони соҳаи маориф бахусус омузгоронро бо ин дастовардҳои ниҳоят назаррас табрик намуда, таъкид дошт, ки ин маросими хеле гуворову фараҳбахш, ки ба ифтихори таҳнияту ҳавасмандгардонии хонандагони ғолиб, ки дар олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои зеҳнии дохили кишвар ва хориҷ аз он сазовори мақомҳои баланд шудаанд, баргузор мегардад, гувоҳ аз он медиҳад, ки фаъолияти дастҷамъонаи мо самараи нек ба бор оварда истодааст.

Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ таъкид дошт, ки дастовардҳою комёбӣ, аз он ҷумла, натиҷаҳои олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои зеҳнӣ гувоҳи он ҳастанд, ки мо дар роҳи дуруст қарор дорем ва бояд ҳаракати худро суръату сифати нав бахшем.

Як саду ҳаждаҳ мақоми сазовор дар сатҳи ҷумҳурӣ ва чордаҳ ҷойи баланд, ки дар озмунҳои байналмилалӣ толибилмони вилоят ба даст оварданд, бозгӯи он аст, ки омӯзгорон, волидайн ва шогирдон бо омодагии ҷиддӣ ба масъала муносибат намудаанд.

Баъди суханронии Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ, бархе аз омузгорон ва ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо Ифтихорнома, медал ва диплом сарфароз гардиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram