РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Донишгоҳи иқтисодию технологии Туркия ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд

9 июн Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара дар ҳамбастагӣ бо Донишгоҳи TOBB ETÜ барои донишҷӯён чорабинӣ дар мавзӯи «Ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об ва иқлим , аз ҷумла  «Об барои рушди устувор 2018-2028» ва «2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» баргузор намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни чорабинӣ намояндагони ду ҷониб, аз ҷумла Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Туркия, устодони риштаи энергетикаи донишгоҳ, инчунин масъулини Идораи давлатии кор дар соҳаи об (DSİ) ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Инчунин, 9 июн вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия бо ректори Донишгоҳи иқтисодию технологии Иттиҳодияи палатаҳои тиҷоратӣ ва биржаҳои молии Туркия (TOBB) Юсуф Саринай баргузор гардид.

Зимни вохурӣ ҷонибҳо бо мақсади рушди ҳамкории  Тоҷикистону Туркия дар соҳаи маориф ҳавасмандии хешро ҷиҳати ба роҳ мондани равобити мутақобилан судманд байни донишгоҳи мазкур ва муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон иброз намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram