26-уми июн соати 17:00 ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ Театри давлатии ба номи Муҳаммадҷон Қосимов намоиши «Ватандорӣ», дар асоси ашъори Лоиқ Шералиро ба тамошобинон ройгон пешниҳод мекунад. Дар ин бора аз театри мазкур хабар доданд.
Муҳаббат ва садоқат ба Ватан, эҳтироми ҳар қатраи оби зулолаш дар намоишнома инъикос мешавад.