Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ фестивали «Оши палав» баргузор гардид. Дар майдони баргузории фестивал даҳҳо деги оши палави ошпазони чирадасти ноҳия гузошта шуда, аз «Шоҳи таомҳо» будани оши палав гувоҳӣ медиҳанд. Дар ин бора аз МИҲД-и ноҳияи мазкур хабар доданд.
Хӯрокҳои миллии тоҷикӣ, аз ҷумла оши палав аз хӯроки болаззаттарин маҳсуб ёфта, дар ҷаҳон машҳур гаштааст. Оши палав таърихи куҳан дошта, санъати хӯрокпазии тоҷикон дар тӯли асрҳо ташаккул ёфтааст.
Дар доираи баргузории фестивали мазкур баҳри хушҳолии иштирокдорон барномаи консертӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумии корхонаву муассисаҳои ноҳия ташкил карда шуд. Дар ҷараёни фестивал гулдухтарони Донишгоҳи тиббӣ низ иштирок намуда, дар зебову муҳташам гузаштани фестивал саҳмгузорӣ намуданд. Аз фестивал намояндагони касбу кори гуногун ва меҳмонони дохилу хориҷи кишвар дидан карданд.
Ёдовар мешавем, ки оши палав соли 2016 дар ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар қатори беҳтарин намунаҳои фарҳанги ғайримоддии ҷаҳонӣ сабти ном гардидааст.