РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ДДОТ: Силсилаи донишномаҳои фаннӣ таълиф меёбанд

13 сентябр ректори Донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода зимни боздид аз маросими рӯнамоии китобҳои таълифшудаи устодони Донишгоҳ ба масъалаи таълиф ва интишори донишномаҳои фаннӣ дахл намуда, нашри чунин таълифоти муҳимро дар баланд бардоштани дониши ҷавонону наврасон, огоҳии бештари онҳо аз таърихи пайдоишу ташаккули илмҳои замони муосир ва ҷалби хонандагон ба мутолиаи китобҳои бунёдӣ дар самтҳои гуногуни илму маърифат саривақтӣ донист. Зикр гардид, ки тайи солҳои охир аз ҷониби устодони варзидаи Донишгоҳ таълифи донишномаҳо оғоз ёфта буд, вале пас аз таҳия ва нашри донишномаҳои химия ва биология ин кор идома пайдо накард. Дар ин хусус радиои «Фарҳанг» бо такя ба сомонаи расмии донишгоҳи мазкур хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, бо супориши ректори Донишгоҳ масъулини қисми илм, деканҳо ва мудирони кафедраҳо вазифадор гардиданд, ки бо ҷалби донишмандон ва мутахассисони варзидаи Донишгоҳ таҳия ва таълифи силсилаи донишномаҳоро дар самтҳои гуногуни илм, аз ҷумла дар бахшҳои астрономия, физика, математика, таърих, фалсафа, филология, педагогика ва амсоли ин ба роҳ монанд.

Донишномаҳои омодагардида аз ҳисоби маблағҳои муассиса ба нашр расонида шуда, устодоне, ки дар таълифи ин китобҳо заҳмат кашидаанд, бо маблағҳои пулӣ дастгирӣ карда мешаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram