РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Суғд: Ба ифтихори 75-солагии ходими давлатию ҷамъиятӣ Гулафзо Савриддинова маҷлиси тантанвӣ баргузор шуд

14 сентябр дар шаҳри Исфара бо иштироки фаъолони шаҳр бахшида ба 75 — солагии ходими давлатию ҷамъиятӣ Гулафзо Савриддинова  маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз хадамоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар маҷлиси тантанавӣ иброз дошт, ки масъалаи таваҷҷӯҳ ба нақши занон дар ҷомеа ва беҳдошти шароити онҳо ҳамеша дар меҳвари сиёсати созанда ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ – иҷтимоиёт, иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, илму маориф ва ғайра нақши занон бағоят бузург аст. Зан – модар тарбиятгар, кадбону, омӯзгор, олима, арбоби илму фарҳанг, ходими давлатию ҷамъиятӣ, сиёсатмадор мебошад. Дар ин бобат номи садҳо бонувони Тоҷикистонро номбар метавон кард, ки ифтихори давлату миллати куҳанбунёду тамаддунофари мо ҳастанд.

Ходими давлатию ҷамъиятӣ, сиёсатмадори варзида Гулафзо Савриддинова аз зумраи бонувоне маҳсуб мешаванд, ки бо фаъолияти барҷаста ва содиқона дар соҳаи хизмати давлатӣ дар дилу дидаи ҳамкорону ҷомеа маъво гирифтаанд. Кору фаъолият, заҳматҳои пайваста ва талошҳояшон ҳамчун зан — роҳбар имрӯз низ вирди забонҳо буда, аз шахсияти нотакрор будани Гулафзо Савриддинова башорат медиҳад.

Гуфта шуд, ки фаъолияти меҳнатии Гулафзо Савриддинова басо доманадор буда, намунаи олии садоқат ба халқу Ватан маҳсуб меёбад. Мавсуф хатмкардаи Донишкадаи хоҷагии халқи ба номи Плеханови шаҳри Москва ва Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд мебошад.

Қобилияти баланди ташкилотчигӣ, дониши мукаммал ва маҳорати кордонии Гулафзо Савриддинова имконият фароҳам овард, ки ба ҳайси иқтисодчии идораи савдои шаҳри Шӯроб, раиси иттифоқи касабаи кормандони саноати маҳаллӣ, раиси Ҷамъияти матлуботи шаҳр, муовини раиси комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи шаҳр, котиби якуми Кумитаи Ҳизби Коммунисти шаҳри Исфара, мудири шӯъбаҳои маданият, савдо ва хизматрасонии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, раиси Шӯрои депутатҳои халқи шаҳр ва раиси шаҳри Исфара ифои вазифа намояд.

Гулафзо Савриддинова ба шоҳроҳи сиёсати бузург қадам ниҳода, дар аввалин Маҷлиси намояндагони халқ соли 1997 муовини раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2000 низ муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар ин мақоми олии қонунбарори кишвар бо фаъолияти бомароми худ баҳри қабули қарору қонунҳои ҳаётан муҳим саҳми шоиста гузоштааст.

Ҳамзамон, мавриди зикр аст, ки саҳми Гулафзо Савриддинова дар рушду нумӯи ҷабҳаҳои мухталифи иқтисодиёту иҷтимоиёти Исфара, бунёди муассисаҳои фарҳангиву маданӣ, тандурустиву маориф, хизматрасонию савдо, корхонаҳои истеҳсолӣ, азхудкунии заминҳои лабташна ва бунёди боғу токзорҳо  беназир буда, дар ҳамаи вазифаҳо бо ҳисси баланди масъулият барои ободии диёр ва гул-гулшукуфии Тоҷикистони азиз заҳмат кашида, ба боварии халқ сазовор гардиданд. 

Гулафзо Савриддинова аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии давлатии Тоҷикистон ба бунёди давлати миллӣ, таъмини сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат баста, маҳбуби мардуми кишвар гардиданд.

Ҳамзамон, Гулафзо Савриддинова иштирокчии фаъоли Иҷлосияи сарнавиштсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Хизматҳои шоёни ин зани соҳибирода бо мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла  унвони Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ордени «Дӯстӣ», медалҳои «15-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва чандин ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ гардидааст.

Раиси вилоят дар охир санаи фархундаи ҳаётро ба Гулафзо Савриддинова табрик гуфта, ба ӯ сарбаландиву некномӣ, саодати зиндагиро таманно намуд.

Сипас, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигорахон Ғаффорзода номаи табрикотии роҳбарияти кумитаро ба самъи ҳозирин расонид.

Ҳамзамон собиқадорони меҳнат ва дӯстону ҳамкорони мавсуф доир ба кору фаъолияти бонуи сиёсатмадор фикру андешаҳои худро баён карда, аз хизматҳои мондагори Гулафзо Савриддинова ёдовар шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram