РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Душанбе: Нахустин бор “Бозиҳои XVI-уми Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ” доир мегардад

Тавре чанде пеш хабар додем, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (№ РП- 242, аз 29 июли соли 2022) аз 14 то 18 октябри соли 2022 “Бозиҳои XVI-уми Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” дар шаҳри Душанбе баргузор менамояд.

Ба иттилои Вазорати фарҳанг, тибқи қарори Шӯрои Сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 18 декабри соли 2020, чорабинии мазкур бахшида ба эълон гардидани «Соли ҳунарҳои мардумӣ ва мероси фарҳангӣ дар ИДМ» ва 20-солагии “Бозиҳои Делфийи ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” доир мешавад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки бо мақсади тақвият бахшидани корҳои омодагиву тадорукотӣ ва дар сатҳи баланд доир намудани ин чорабинии байналмилалии фарҳангӣ аз ҳисоби кормандони дастгоҳи марказии вазорат, ҳайати эҷодиву маъмурӣ ва аз ҳисоби мутахассисони соҳа ситоди корӣ ташкил карда мешавад. Ситоди кории чорабинӣ бо мақсади баррасӣ ва ҳалли саривақтии масъалаҳои вобаста ба омодагии чорабинии мазкур фаъолияти худро ба роҳ монда, ҳар ҳафта ҷаласаи корӣ доир менамояд.

Дар назар аст, ифтитоҳи расмӣ ва анҷоми Бозиҳои Делфӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ баргузор гардида, дар сатҳи баланди байналмилалӣ доир гардидани он чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Чорабинии мазкур бори нахуст дар Тоҷикистон баргузор гардида, шумораи иштирокчиён то 600 нафар дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки масъули баргузории ин чорабинии байналмилалӣ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Бозиҳои Делфӣ буда, тартиб ва Низомномаи баргузории Бозиҳо дар сомонаи расмии Вазорат ва сомонаи Кумита ҷой дода шудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram