РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Китоби «Конститутсияҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай» чоп шуд

Ба муносибати нишасти 22-юми Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай китоби «Конститутсияҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай» аз чоп баромад. Дар ин бора радиои «Фарҳанг» бо такя ба «Овози Самарқанд» хабар медиҳад.

Китоби мазкур аз ҷониби Маркази миллии Ҳуқуқҳои инсони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо забонҳои русӣ ва англисӣ омода гардида, дар нашриёти «Тасвир» чоп шудааст.

Дар китоб матни конститутсияҳои кишварҳои узви СҲШ – Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Покистон гирд оварда шудааст.

Он ҳувияти конститутсионии ҳар як кишвари узви СҲШ-ро ошкор мекунад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram