РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

16 сентябри соли 2022 соати 14:00 ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият дар хати Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар ННГС Равоти шаҳри Конибодом вохӯрии ҳайатҳои ду ҷониб таҳти роҳбарии Раиси КДАМ ҶТ Ятимов Саймумин Сатторович ва Раиси КДАМ ҶҚ Ташиев Қамчибек Кидиршаевич баргузор гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти Қӯшунҳои Сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷараёни мулоқот роҳбарони ҳайатҳо ба мувофиқа омаданд, ки шурӯъ аз соати 14:30 ҳамин рӯз оташбас эълон карда мешавад. Бо мақсади ба эътидол овардани вазъият ва таъмини риояи талаботи санади оташбас аз ҳисоби ҳайати роҳбарикунандаи сохторҳои қудратии ду кишвар гурӯҳи кории муштарак ташкил карда шуд. Айни ҳол, вазъият дар хати сарҳад нисбатан ором мебошад.

Аз ҷониби ҚС КДАМ ҶТ вазъият дар хати сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон пурра таҳти назорат гирифта шудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram