РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон вобаста ба масъалаи марз мулоқот намуданд

18 сентябр дар гузаргоҳи сарҳадии «Гулистон» мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо бори дигар бар зарурати бо роҳи гуфтушунид ҳал намудани масъалаҳои мавҷуда таъкид карданд.

Ҳамзамон муҳим шуморида шуд, ки шартҳои оташбас риоя гардида, оқибатҳои даргириҳои марзӣ ҳарчи зудтар бартараф карда шавад.

Гурӯҳҳои корӣ ба мувофиқа расиданд, ки роҳҳо барои рафтуомад кушода шуда, ҳаракати нақлиёт таъмин гардад. Худи ҳамон рӯз роҳ ба самти Ҷамоати деҳоти Ворух боз шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram