Дар натиҷаи ҳуҷуми таҷовузкоронаи низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон дар Исфара иншооти гуногун, аз ҷумла манзили истиқоматии шаҳрвандон зарар дидаву хароб гардидааст. Дар ин бора аз хадамаоти мабуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Айни замон аз ҷониби мақомоти марбута барои муайянсозии хисорот гуруҳи корӣ ташкил шуда, теъдоди иншоот ва манзилҳои истиқоматии зарардида дақиқ карда мешавад.
Аксҳо аз минтақаҳои наздисарҳадии Исфарамарз бори дигар собит менамояд, ки қувваҳои низомии кишвари ҳамсоя аз тамоми намуди силоҳҳои вазнину оташфишони дар ихтиёрашон қарордошта деҳаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон, иншооти мулкӣ ва хонаҳои истиқоматкунандагонро таҳти тирборон қарор додаву оташ задаанд.
Бо пешниҳоди аксҳо аз ҷойи воқеаҳои ахир аз созмонҳои байналмилалӣ ва таҳлилгарону коршиносони сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ даъват карда мешавад, ки зери таъсири иғвою дасисаҳо ва дурӯғпарокании дастгоҳҳои таблиғотии кишвари ҳамсоя намонда, ҳодисаҳо ахирро бо чашми ҳақбин ва аз рӯи воқеият баҳогузорӣ намоянд.