РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сафири мухтор ва фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳокими вилояти Самарқанд Ташаккурнома супорид

Дирӯз, 18 сентябр дар ҳошияи саммити сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳокимияти вилоят бо иштироки ҷонишини ҳокими вилоят — сарвари Садорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангии вилоят Рустам Қобилов, сафири мухтор ва фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, як гурӯҳ фаъолони Маркази миллӣ-мадании тоҷик ва тоҷикзабонҳои вилоят вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин бора сомонаи «Овози Самарқанд» хабар дод.

Дар доираи вохӯрӣ сухан дар бораи муносибатҳои ду кишвари дӯсту бародар дар солҳои охир рафта, сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи роҳбарони ду давлати ҳамсарҳад эътироф гардид.
Сипас,  сафир Абдуҷаббор Раҳмонзода ба номи ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов барои хидматҳои шоиста дар роҳи мустаҳкамсозии равобити ҳамкории Ўзбекистон ва Тоҷикистон, таҳкими муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳои тоҷику ӯзбек ташаккурнома супурд.

Дар анҷом доир ба рушди ҳамкориҳои адабӣ, гузарондани тадбирҳои фарҳангӣ дар шаҳри Самарқанд ҳарф заданд.

Дар идома сафири мухтор ва фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода аз муҷассамаи шоири бузург Абулқосим Фирдавсӣ, ки чанде пеш кушода шуд, дидан карда, эҳтиром ба ҷо овард.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram