РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Душанбе: Маркази хизматрасонии «Сад ранги чакан» ифтитоҳ шуд

Дар маҳаллаи Азизбекови ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Маркази хизматрасонии «Сад ранги чакан» мавриди ифтитоҳ қарор гирифт, ки дар он омӯзиши ин навъи ҳунар ба ҷавондухтарон ва бонувон ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Марказ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ маблағгузорӣ карда шуда, дар он барои 20 нафар ҷавондухтарон ва бонувон шароити хуби корӣ фароҳам оварда шуда, минбаъд теъдоди ҷойҳои корӣ зиёд карда мешавад.

Дар расми ифтитоҳи он Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ  Шариф Самӣ, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе Зарина Зуҳурзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Директори МД «Ҳунарҳои мардумӣ»-и ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои ноҳиявӣ ва дигар шахсони масъул иштирок ва аз шароити фароҳамгардида дар ин маркази омӯзишӣ дидан намуданд.

Чакан як навъ гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимист, ки бештар миёни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Ин ҳунари мардумӣ дорои таърихи ниҳоят куҳан буда, пеш аз ҳама, рамзи баҳор аст ва гулдухтарони тоҷик онро дар ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, чорабиниҳои фарҳангии давлатӣ, истиқболи меҳмонони олиқадр, тӯю маъракаҳои хонаводагӣ ба бар менамоянд.

Аз қадим давлату миллатҳоро аз рӯи фарҳанг, тамаддун, урфу одат ва либоси миллиашон мешинохтанд ва ин рукн ҳанӯз ҳам риоя мегардад. Тоҷикон дорои фарҳанги қадимӣ буда, маълум мегардад, ки либосҳои миллии мо қудрати дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намудани миллатро доранд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram