РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Имрӯз Рӯзҳои кинои Қазоқистон дар Тоҷикистон баргузор мешавад

Имрӯз, 23-юм ва 24-уми сентябри соли 2022 дар кинотеатри «Ватан» Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон баргузор мегарданд. Маросими ифтитоҳи Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон 23-юми сентябри соли 2022 соати 18.00 дар кинотеатри «Ватан» бо иштироки намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, зиёиён, синамонигорон, ходимони давлатию сиёсӣ, фарҳангшиносону мунққидони кино барпо мегардад. Дар ин аз «Тоҷикфилм» хабар доданд.
Дар доираи чорабинии синамоӣ се филми истеҳсоли Қазоқистон барои алоқамандони синамо намоиш дода мешаванд.
Ҳамзамон, 24-уми сентябри соли 2022 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров бо иштироки продюсер Байбек Айгул ва ҳунарпешаи қазоқ Дайиров Еркебулан Муратович дарси «Устод ва шогирд» барои хоҳишмандон ва дӯстдорони синамои миллӣ доир карда мешавад.
Дар ин ҷода, Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ҳамкориҳоро дар соҳаи синамо бо филмбардорони берунмарзӣ тақвияту тавсеа дода, барои рушди бемайлони робитаҳои ҳасана бо синамонигорони хориҷи дуру наздик қадами устуворе ба пеш мегузорад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram