22 сентябри соли 2022 дар толори Вазорати рушди иқтисод ва савдо маҷлиси навбатии Шӯро оид ба муайян намудани сатҳи камбизоатӣ ва табақаи миёнаи аҳолӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.
Ҷаласаро муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой ифтитоҳ намуд. Дар ҷаласа намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимлӣ, роҳбари намояндагии Вазорати корҳои хориҷӣ ва рушди байналмилалии Британияи Кабир дар Тоҷикистон Мирзо Ҷаҳонӣ ва аъзои Шӯро оид ба муайян намудани сатҳи камбизоатӣ ва табақаи миёнаи аҳолӣ иштирок намуданд.
Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои вобаста ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ, арзёбии сатҳи он дар соли 2021, такмили усули муайян намудани сатҳи камбизоатӣ ва табақаи миёнаи аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақвияти фаъолияти Шӯро баррасӣ гардиданд.
Қарор карда шуд, ки фаъолияти Шӯро оид ба муайян намудани сатҳи камбизоатӣ ва табақаи миёнаи аҳолӣ бо назардошти ҳадаф ва афзалиятҳои миллӣ ва уҳдадориҳои байналмиллалии Тоҷикистон, аз ҷумла Ҳадафҳои рушди устувор тақвият дода мешавад.