РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Сироҷиддин Муҳриддин дар 21-умин нишасти солонаи Гурӯҳи кишварҳои тараққикардаи маҳсур дар хушкӣ иштирок кард

22 сентябри соли 2022 дар ҳошияи “Ҳафтаи сатҳи баланд”-и иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти солонаи Гурӯҳи кишварҳои тараққикардаи маҳсур дар хушкӣ ширкат намуд. Дар ин хусус радиои «Фарҳанг» бо такя ба сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазири корҳои хориҷӣ дар ҳамоиш доир ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Гурӯҳи кишварҳои тараққикардаи маҳсур дар хушкӣ, аз ҷумла обу энергетика, нақлиёт ва дастоварду мушкилоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологии ин кишварҳо ибрози андеша кард.

С. Муҳриддин ҳамчунин зимни суханронӣ аз аҳаммияти татбиқи Барномаи амали Вена ҳамчун унсури муҳими ҳамгироии кишварҳои тараққикардаи маҳсур дар хушкӣ дар самти ноил шудан ба Рӯзномаи 2030 ва ҳадафҳои он ёдрас шуда, аз ташаббусҳои ҷаҳонии кишвар оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар назди СММ таъкид сохт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram