РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пагоҳ дар Академияи миллии илмҳо Рӯзи дарҳои кушода гузаронида мешавад

25 сентябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Рӯзи дарҳои кушодаи Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар ин бора аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, барои ҷалби хонандагони болаёқати синфҳои 7-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номнавис гардидани хонандагон ба бахшҳои мушаххаси фаннии Академияи хурди илмҳо Рӯзи дарҳои кушода баргузор мешавад.

Ҳадаф аз ҷалби наврасон ба чорабиниҳои Академияи хурди илмҳо, қабл аз ҳама, дарёфти нафарони боистеъдод ва болаёқат миёни ин қишри ҷомеа мебошад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram