РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир ба баргузории “Бозиҳои XVI-уми Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” дар шаҳри Душанбе

Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 23 сентябри соли равон бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардидани “Бозиҳои XVI-уми Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” дар шаҳри Душанбе, ки дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (№ РП- 242, аз 29 июли соли 2022) аз 14 то 18 октябри соли 2022 доир мегардад, ҷаласаи муштараки кумитаи тадорукот зери роҳбарии Муоини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси куматаи тадорукот Сатториён Матлубахон баргузор гардид. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар доданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки масъулони баргузории ин чорабинии байналмилалӣ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Бозиҳои Делфӣ буда, тибқи қарори Шӯрои Сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 18 декабри соли 2020, чорабинии мазкур бахшида ба эълон гардидани “Соли ҳунарҳои мардумӣ ва мероси фарҳангӣ дар ИДМ” ва 20-солагии Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад.

Ба ҳайати кумитаи тадорукот Муовини Сарвазири мамлакат-Раиси кумитаи тодрукот, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон-муовини Раиси кумитаи тадорукот, муовини вазири фарҳанг-котиби кумитаи тодрукот ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор дохил мешаванд.

Дар оғози ҷаласа Сатториён Матлубахон аз ташаббускорон ва аъзоёни кумитаи тадорукот даъват ба амал овард, то дар баргузории ин чорабинии сатҳи байналмималӣ ба ҷиддият ва масъулиятшиносӣ қабули меҳмонон, наврасону ҷавонони ИДМ омодагиҳоро дар сатҳи баланд ба роҳ монанд.

Раиси кумитаи тадорукот таъкид бар он намуд, ки ин чорабинӣ бори аввал аст, дар ҷумҳурӣ бо ибтикор ва ҳидояти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рақмон баргузор мегардад ва аз мо масъулияти баланди ташкилотчигиро дар қабулу гусели иштирокчиёни чорабинӣ талаб менамояд.

Сипас вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси кумитаи тадорукот Давлатзода Зулфия вобаста ба сатҳу сифати омодагтҳо ба баргузории чорабинӣ гузориши муфассал ироа намуда, баргузории чорабиниҳои байналмилалии фарҳангиро дар кишвар боиси сарфарозӣ ва аз самтҳои афзалиятноки соҳаи фарҳанги ҳар як кишвар номид.

Мавсуф зикр кард, ки “Дар чорабинӣ зиёда аз 500 нафар истеъдодҳои ҷавон аз синни 10 то 25, аз тамоми кишварҳои ИДМ, аз рӯи номинатсияҳои фортепиано, скрипка, санъати тасвирӣ, сарояндаи академӣ, сарояндаи халқӣ, сарояндаи эстрадӣ, рақси халқӣ, созҳои нафасӣ, созҳои халқӣ, ҳунарҳои мардумӣ иштирок менамоянд.”

Гуфта шуд, ки ба ҳайати ҳакамон қариб 35 нафар ходимони шинохтаи санъату ҳунари ИДМ шомил мебошанд. Конфронси байналмилалӣ коршиносонро аз хориҷи дуру наздик ба ҳам меорад, ки мавзӯи асосӣ 20-солагии ҷашни нахустини баргузории Бозиҳо мебошад.

Вазири фарҳанг зикр кард, ки Бозиҳои Делфӣ аз рӯи 7 номинатсия ва 3 барномаи фестивалӣ доир гардида, чорабиниҳо дар толорҳои муассисаҳои зертобеи Вазорати фарҳан гузаронида мешаванд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар вазорат доир ба баргузории Бозиҳои шонздаҳуми Делфӣ ситоди кории чорабинӣ ва ҳайати эҷодӣ, маъмурӣ ва техникии Бозиҳои Делфии кишварҳои аъзои ИДМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, корҳои омодагӣ ба роҳ монда шудаанд.

Зулфия Давлатзода дар идомаи сухани хеш иброз дошт, ки дар чорабинӣ иштироки ҳайатҳо аз кишварҳои Россия, Қазоқистон, Узбекистон, Озорбойҷон, Арманистон ва Белорус дар назар аст. Айни замон аз кишварҳои Россия, Қазоқистон, Озорбойҷон ва Белорусия дархостҳо ҷиҳати иштирок дар ин чорабинӣ пешниҳод гардиданд.

Гуфта шуд, ки маросими ифтитоҳи расмӣ ва пушидашавии чорабинӣ дар Театри давалатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ доир гардида, Конференсии байналмилалӣ дар мавзӯи “Бистсолагии Бозиҳои Делфии кишварҳои аъзои ИДМ, таърих ва дурнамо” дар Китобхонаи милли Тоҷикистон баргузор мегардад.

Ҳамзамон иштирокчиён аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи “Наврӯз”, Майдони “Истиқлол” ва Боғи “Ирам” дидан хоҳанд кард.

Дар фарҷоми ҷаласа Раиси кумитаи тодорукот ба аъзоёни гурӯҳи корӣ вобаста ба масъалаҳои муҳими баргузории чорабинии байналмилалӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

“Мо мардуми тоҷик сулҳпарвару сулҷӯ, меҳмоннавозу меҳмондӯст ҳастем ва дарҳои мо ба рӯи дӯстон ҳамеша боз аст”- иброз дошт Сатториён Матлубахон дар анҷоми ҷаласа.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram