РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Раиси вилояти Суғд аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба наздикони ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ намуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз деҳоти шаҳри Исфара боздид карда, ба наздикону пайвандони сокиноне, ки дар натиҷаи ҳамлаи ноҷавонмардонаи низомиёни Қирғизистон ҳалок шудаанд, изҳори ҳамдардӣ намуд. Дар ин хусус аз маркази матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Раиси вилоят аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оилаи ҳалокшудагони деҳоти Ворух, Чоркӯҳ, Навгилем ва Кӯлканди шаҳри Исфара ҳамдардӣ баён намуда, изҳор дошт, ки қаҳрамониву ҷоннисориҳои шаҳидони Ватан дар саҳифаҳои таърихи миллат абадан сабт мегардад.
Раиси вилоят ҳамзамон таъкид кард, ки тамоми хонаҳои истиқоматии сокинон, ки вайрон шудааст, тибқи супориши Сарвари давлат то моҳи ноябр пурра омода карда мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram