РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар Берлин муаррифӣ шуд

Бахшида ба 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Олмон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ “Шоми парлумонии Иттиҳодияи ғайридавлатии ҳифзи табиати Олмон — NABU” баргузор гардид, ки дар он сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ин чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои марбутаи Олмон, сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон, вакилони Бундестаг, ташкилотҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва ҳайвоноти нодир, ҳамчунин доираи хабарнигорон ҳузур доштанд.

Сафир ба ҷамъомадагон дар бораи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти об ва ҳифзи пиряхҳо, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, Конфронси оби соли 2023, эълони соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, эъломи “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” ва аҳаммияти мубрами таъсиси “Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” маълумоти муфассал дод.

Ҳамчунин ба раванди татбиқи ташаббуси минтақавии Олмон “Осиёи Марказии сабз”, дурнамои ҳамкориҳо бо Иттиҳодияи ғайридавлатии ҳифзи табиати Олмон (NABU) ва рушди иқтисоди сабз дар Тоҷикистон тамаркуз карда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram