РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Хуҷанд дар паҳнои адабу фарҳанги тоҷик

Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд дар толори раёсати донишгоҳ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд ва Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” конференсияи ҷумҳуриявии амалӣ бо иштироки олимону муҳаққиқон баргузор гардид. Дар ин бора аз Маркази иттилоот ва таҳлили Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ректори донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшида, роҷеъ ба шинохти таъриху тамаддуни шаҳрдорӣ ва шаҳрнишии халқи тоҷик ибрози ақида намуда, афзуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал ҳамчун роҳбари олии сиёсии мамлакат ба нақши шаҳрҳои бостонии кишвар, аз ҷумла шаҳрҳои Хуҷанду Саразм, Панҷакенту Кўлоб ишораҳои сареҳ намуда, ба Хуҷанд ба сифати яке аз шаҳрҳои муҳими илмиву фарҳангӣ баҳои сазовор додаанд. Профессор Усмонзода Аюб қайд намуд, ки Хуҷанди бостонӣ дар ҳамаи марҳилаҳои сарнавиштсози халқи тоҷик ба як мактаби боризи худсозӣ ва хештаншиносӣ, ваҳдату ягонагӣ табдил ёфта, барои таъини сарнавишти халқу ҳиммат нақши барозанда бозидааст.

Сипас, муовини раиси шаҳр Фирӯза Нуруллозода номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзодаро ба самъи иштирокдорон ироа намуд. Мавсуф иброз дошт, ки таърихи хеле қадиму пурғановати Хуҷандшаҳр ба қаъри асрҳо меравад ва саҳифаҳои пуршарафу нотакрори он боиси ифтихор ва ибрати мо аст. Дар ин авроқи рангин сарнавишт, рўзгор ва роҳи бузурги тайкарда, таҷрибаи мардум, пайванди асрҳо ва наслҳо, афтодану хестанҳо, ободонию сохтанҳо, гузаштаи қаҳрамонона ва ҳаёти имрўзаи сабзу хуррам ва ҷовидонаи шаҳр ва сокинони он таҷассум ёфтааст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштаанд: «Сокинони шаҳри Хуҷанд ҳамеша бо меҳнатдўстӣ, сабру таҳаммул, тамкину бурдбории худ барои тамоми ҷумҳурӣ намунаи ибрат ва боиси ифтихор буданду ҳастанд». Дар фарҷом Фирӯза Нуруллозода зикр дошт, ки хидмати олимон дар шинохти таърихи Хуҷанд ва ба имрӯзиёну ояндагон расонидани ҳақиқати таърихӣ калон буда, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд омода аст дар чопи китоби илмиву таърихӣ дар бораи шаҳри Хуҷанд саҳми худро гузорад.

Дар идома устодони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор Набиҷон Раҳимов дар мавзуи «Мероси таърихии Хуҷанд: ёдгории меъмории асрҳои Х11- Х1V», дотсент Нуруллохон Ғиёсов дар мавзуи «Мевае аз дарахти пурбори Истиқлол» ва декани факултети забонҳои Шарқ Ислом Раҳимов дар мавзуи «Мероси фарҳангии Хуҷанд дар замони Истиқлол» маърӯза ироа намуданд.

Дар баромадҳо расму одатҳои хос ва мероси фарҳангии Хуҷанд, ки дар давраи Истиқлол омўзиши он ба як марҳалаи навин ворид гардидааст, симои халқи тоҷикро ҳамчун сокинони шаҳрнишин ва шаҳрофар муаррифӣ менамояд мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ёдовар мешавем, ки пас аз қисми ифтитоҳӣ конференсия аз рӯи ду бахш дар факултети филологияи тоҷик, таърих ва ҳуқуқ ба кори худ идома бахшид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram